Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 25-уми декабри соли 2025 ҳангоми кофтукови шахси аз ӯ 15 қуттӣ ба миқдори 6 ҳазору 750-адад маҳсулоти тарконакҳои “Хлопушка” дарёфт ва мусодира карда шуд.
Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи тарфгарии аз гумонбаршаванда гирифташуда, тарконакҳои пиротехникии навъи “Хлопушка” буда 6 ҳазору 750 ададро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо иловаи 1 моддаи 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ



