Ба Палатаи намояндагони Конгресси ИМА лоиҳаи қонун дар бораи ҳамроҳ кардани Гренландия пешниҳод шудааст
Ба палатаи поёнии Конгресси ИМА лоиҳаи қонун “дар бораи аннексия ва додани мақоми иёлоти Гренландия” пешниҳод гардид. Онро узви маҷлиси намояндагон аз ҳизби Ҷумҳурихоҳон Рэнди Файн омода кардааст.
“Лоиҳаи қонун ба Президент имкон медиҳад, ки маблағҳои заруриро барои пайвастани Гренландия пайдо кунад”, — навиштааст Файн дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
“Мухолифони мо кӯшиш мекунанд, ки дар Арктика мустаҳкам шаванд ва мо ба ин иҷозат дода наметавонем”, — илова кардааст конгрессмен, бо такрори шиори кохи Сафед. Дар як хабари матбуотӣ, ки аз The Hill иқтибос мешавад, Файн қайд карда, ки “касе, ки Гренландияро назорат мекунад, роҳҳои асосии баҳрии Арктика ва меъмории амниятиро, ки Иёлоти Муттаҳидаро ҳимоя мекунад, назорат менамояд”.
Лоиҳаи қонун ба Президенти ИМА Доналд Трамп ваколат медиҳад, ки “барои ба даст овардани Гренландия ҳамчун қаламрави Иёлоти Муттаҳида ҳар гуна қадамҳои заруриро андешад”, аз ҷумла ҳамроҳ кардани ҷазираро ба Амрико.
Дар вақти нашр маълум набуд, ки палатаи поёнӣ ин қонунро баррасӣ мекунад ё не.
Президенти ИМА Доналд Трамп қаблан борҳо аз таҳдиди Руссия ва Чин ёдовар шуда, зарурати ишғоли Гренландияро асоснок карда буд. Дипломатҳои Аврупои Шимолӣ дар навбати худ ба Financial Times навиштаанд, ки изҳороти Трампро дар бораи ҳузури киштиҳои Руссия ва Чин дар наздикии ҷазира тасдиқ намекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь