Моликияти чеҳраҳои шинохта, ки бо иттиҳоми даст доштан дар табаддулоти давлатӣ ба солҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанд, дар ихтиёри Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст, гуфт раиси Кумитаи мазкур Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур, имрӯз, 6-уми август, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш.

Раҳимзода дар бораи дороиҳои маҳкумшудагон мушаххасан маълумот надод, аммо гуфт, ки дар маҷмӯъ якчанд хонаҳои истиқоматӣ, мошинҳо ва дигар дороиҳо ҳастанд.

– Ман ҳаҷми дороиҳои маҳкумшудагонро рақам ба рақам гуфта наметавонам, танҳо ҳаминро мегӯям, ки моликияти ашхоси маҳкушуда баъди қарори суд мусодира ва ба ихтиёри Кумита вогузор карда шудааст. Тибқи қонунгузории ҷорӣ, дар оянда ё ба фурӯш бароварда мешаванд ва ё ҳамчун моликияти давлатӣ, ба манфиатҳои давлатӣ истифода карда мешаванд,- афзуд раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҳукумати ҶТ.

Ёдовар мешавем, ки чеҳраҳои шинохта Акбаршо Искандаров, Саидҷаъфар Усмонзода, Шокирҷон Ҳакимов ва Аҳмадшоҳ Комилзода аз сӯи мақомоти қудратии кишвар боздошт гардида, соли равон бо иттиҳоми табаддулоти давлатӣ бо ҳукми Суд ба солҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь