6-уми феврали соли ҷорӣ дар Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонатбонк” маросими ҷамъбасти озмуни «VISA — ҳамеша наздик» бо иштироки муовини раиси Раёсати Бонк Ризвонзода Ф.З., мизоҷон ва ғолибони озмун баргузор гардид.
Қайд гардид, ки озмуни мазкур дар давраи аз 1-уми сентябр то 31-уми декабри соли 2025 баргузор шуда, барои муштариёне пешбинӣ гардида буд, ки тавассути кортҳои VISA-и Амонатбонк амалиётҳои ғайринақдиро бештар анҷом медиҳанд.
Ба шумори чунин амалиётҳо интиқоли маблағ тавассути Visa Direct ва Visa+ дар барномаи «Амонатмобайл», пардохти хизматрасониҳо ба таври ғайринақдӣ дар дохил ва хориҷи кишвар бо истифода аз кортҳои Visa, инчунин анҷом додани харидҳои онлайн дар платформаҳои дохилию хориҷӣ дохил мешуданд.
Бар асоси шартҳои озмун, 3 нафар иштирокчие, ки теъдоди зиёди амалиётҳои болозикршударо анҷом додаанд, тариқи барномаи дохилибонкӣ муайян гардида, дар фазои тантанавӣ бо туҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла iPad Air, MacBook Pro ва iPhone 17 Pro сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, як қатор мизоҷони доимии Бонк барои истифодаи фаъолонаи кортҳои VISA-и Амонатбонк ва анҷом додани амалиётҳои гуногуни ғайринақдӣ бо туҳфаҳои брендии Бонк қадрдонӣ гардиданд.
Зикр шуд, ки вобаста ба баргузории озмун тавассути саҳифаҳои расмии Бонк дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма эълонҳо пахш гардида, хоҳишмандон ба иштирок даъват карда шуданд. Дар ҷараёни озмун инчунин ба иштирокчиён кортҳои VISA GOLD ва VISA CLASSIC аз ҷониби Амонатбонк комилан ройгон пешниҳод гардид.
Ташкилу баргузории чунин озмунҳо ба ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, густариши истифодаи хизматрасониҳои муосири молиявӣ ва ҳавасмандгардонии мизоҷон мусоидат менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь