Дар ноҳияи Ёвон бо шукргузорӣ аз ин Ватани маҳбуб ва зери сояи Ваҳдату Истиқлоли сартосарӣ бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон дар ҳайати намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Насрулло, муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин Қудрат, роҳбарони мақомоти қудратӣ чорабинии бошукӯҳи сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Шукӯҳи Истиқлол” баргузор гардид.
Чорабинии сиёсиву фарҳангиро бахшида ба ин ҷашни муқаддас раиси ноҳия Икромиддин Вализода ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва кулли мардуми ноҳияро ба ифтихори ҷашни 34 – солагии Истиқлолияти далвтӣ табрику шодбош гуфта, зикр намуданд, ки ҷашни истиқлолияти давлатӣ барои мардуми шарифи кишвар, алалхусус сокинони саодатманди ноҳияи Ёвон, ки ҳар сол дар ин рӯзҳои хотирмон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад, ҳамчун нишонаи арҷгузорӣ ба ин санаи тақдирсози миллат ва шукргузорӣ ба давлати соҳибистиқлолу Ватани соҳибихтиёр мебошад.
Таърихи башарият гувоҳ аст, ки бисёр қавму миллатҳо бо ҷаҳду талошҳо ва ҷонфидоиҳо барои соҳиби давлат шудан, истиқлолияти комил ва зиндагии осудаву озод доштан азхудгузаштанҳо нишон доданд, вале соҳиби истиқлол ва соҳиби давлати миллӣ шудан ба онҳо муяссар нагардидааст. Барҳақ, ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва барпо намудани давлати соҳибихтиёр бо имконияти таърихии ҳар халқу миллат иртибот дорад.
Неъмати истиқлолият рамзи озодӣ, субот, амну осоиштагӣ, пояи давлатдорӣ, кафили ваҳдат омили асосии рушду пешрафт, созандагию бунёдкорӣ ва пешрафту шукуфоии кишвари маҳбубамон мебошад.
Маҳз, бо баракати истиқлолият ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи сазовор касб намуда, кишвари азизамон ба як давлати дорои сиёсати хоси дохилию хориҷӣ ва ташаббускор дар ҳалли масоили иқтисодию иҷтимоӣ ва амниятӣ табдил ёфтааст.
Зеро, истиқлолият дар марҳилаи аз нигоҳи таърих хеле кӯтоҳ, вале, пур аз ҳаводису рӯйдодҳои муҳиму тақдирсоз мақоми кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоистагӣ муайян сохт, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ гардид, ҳамкориҳои самарабахши иқтисодӣ ва робитаҳои дипломатиашро бо бисёр кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ намуд.
Чун анъана, меҳмонон бо паёми табрикотӣ суханронӣ намуда, кулли сокинон ва меҳмонони ноҳияро ба 34-умин солгарди ҷашни бузурги миллӣ шодбош намуда, вобаста ба дастовардҳои кишвр дар даврони Истиқлол ва саҳми арзишманд ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатсозӣ ва давлатдории миллӣ, таъмини ҳифзи сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфӯзу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ибрози андеша намуданд.
Инчунин, дар рафти чорабинӣ, баҳри фаъолияти меҳнатӣ ва саҳми назаррас гузоштан дар рушду пешрафти ноҳия, як қатор фаъолон дар вазъияти мутантан бо мукофоти давлатии “Медали хизмати шоиста”, “Аълочии маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон”, Ифтихорномаю Сипосномаҳои раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷом, ҳунармандон ва мутрибони саршинохти ҷумҳурӣ, бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, ки тарранумгари Истиқлолу сулҳи деринтизор ва зебоиҳои диёри нозанинамонро васф менамуданд, ба чорабинии мазкур ҳусни анҷом бахшиданд.

Тантанаи Ҷашни истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ёвон
Блоки рекламавӣ


