Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ҳама расму ойинаш оғоз гардида, масъулони ноҳияи дар он иштирок карданд.
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии “Хуррамшаҳр”-и ноҳияи Данғара бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз “Шаҳраки наврӯзӣ” ташкил карда шуд. Чорабинӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳандозӣ гардида, то 20 март идома меёбад. Дар ҷараёни чорабинӣ роҳбарияти ноҳия, намояндагони сохторҳои гуногун ва сокинону меҳмонон иштирок намуданд.
Зимни баргузор гардидани чорабинӣ таъкид шуд, ки ташкили чунин майдони идона бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯз, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва тарғиби суннатҳои неки мардумӣ амалӣ мегардад. Наврӯз ҳамчун ҷашни оламафрӯз рамзи эҳёи табиат, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад.
Дар рӯзи аввали чорабинӣ ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва миёнаи умумии ноҳия бо намоиши дастовардҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ фаъолона ширкат варзиданд. “Шаҳраки Наврӯзӣ” дар рӯзҳои ид бо баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дигар чорабиниҳои идона фазои наврӯзиро дар ноҳия боз ҳам рангин мегардонад.

Тантанаҳои наврӯзӣ дар Данғара
Блоки рекламавӣ


