Кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Бохтар Ҳайитов Алихон, сокини бисту нуҳсолаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе­ро, ки солим будаву худро маъюб нишон дода ба талбандагь машғул буд боздошт намуданд.
Аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки ин нафар бо роҳи фиреб худро ҳамчун маъюби ҷисмонӣ муаррифӣ карда, бо аробачаи маъюбӣ дар кӯчаҳои шаҳр гаштугузор мекардааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни санҷиш маълум шуд, ки ӯ аробачаи маъюбиро дар худи шаҳри Бохтар харидорӣ намуда, бо ин роҳ кӯшиши ҷалби таваҷҷуҳ ва фиреби шаҳрвандонро доштааст.
Ҳамзамон, ҳангоми тафтиши телефони мобилии боздоштшуда маводи дорои хусусияти порнографӣ ошкор гардидааст, ки гуфта мешавад, ӯ онҳоро тавассути шабакаи Telegram ба дигарон ирсол мекардааст.
Вобаста ба ин ҳодиса нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни замон номбурда дар ҳабси пешакь қарор дошта, тафтишот нисбаташ идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь