Субҳи имрӯз, 14-уми апрел, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, ҳунарпешаи театру синамо Қиёмиддин Чақалов дар синни 75-солагӣ, ҳамагӣ 14 рӯз пеш аз зодрӯзаш, моро тарк кард.

Қиёмиддин Чақалов 28-evb апрели 1945, дар деҳаи Хуванди Файзободи Тоҷикистон ба дунё омдааст. Бозигари театр ва синамои тоҷик аст, ки бо унвони  Ҳунарманди халқии Тоҷикистон (2008) қадродонӣ шудааст. Оиладор ва соҳиби 10 фарзанд буд.

Ҳанӯз аз овони хурдсолӣ, ҳангоме ки дар синфи 4-уми мактаби миёнаи № 1-и ноҳияи Файзобод таҳсил мекард, дар маҳифли дастаи ҳаваскорони мактаб аъзо буд. Суруд мехонду саҳначаҳои ҳаҷвиро бо маҳорати баланд иҷро мекард. Истеъдоди худододии ӯро дида, ҳангоми дар синфи 6-ум таҳсил карданаш роҳбари бадеии Хонаи маданияти ноҳия Ҷӯрабек Шарифов ӯро барои фаъолият кардан ба театр даъват кард. Ҷӯрабек Шарифов, ки худ ғижакнавози беҳамто буд, устоди аввалини Қиёмиддин дар санъат шуд. Ӯ ҳаррӯз пас аз дарсҳо омадани Қиёмиддинро интизор шуда, бо ӯ соатҳо машқ мекард. Ҳамин буд, ки Қиёмиддин дар як муддати кутоҳ дар қатори ҳунармандони Хонаи маданият дар назди ҳаводорони шеъру суруд бо ровигӣ ва сурудхонӣ ва иҷрои саҳначаҳои ҳаҷвӣ машғул шуд.

Қиёмиддин пас аз хатми мактаби миёна мудати ду сол дар Хонаи маданияти ноҳия фаъолият кард. Соли 1964 ӯро барои хидмат ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гирифтанд. Ӯ хидматро дар Ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Қазоқистон адо карда, соли 1967 бо сари баланд ба ватан баргашт. Фаъолияташро дар театри ноҳияи Файзобод давом дод. Соли 1971 ба факултети актёри драма ва кинои Институти давлатии санъати Тоҷикистон дохил шуда, соли 1975 факултети мазкурро хатм кард.

Аз соли 1975 инҷиниб дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ ба ҳайси актёр фаъолият дорад.

Дар ин муддат дар саҳнаи театри ба номи А. Лоҳутӣ бисёр нақшҳои ҷолиб ва хотирмон офаридааст. Куряткин («Ҷарроҳӣ»-и А. Чехов), Зайн ибни Умайдо («Ишқи араб»-и П. Мериме), Шарифов («Интихоби домод»-и Ҳ. Содиқ), Кӯзагар («Роҳзан ва кӯзагар»-и М. Бахтӣ), Сухсуров («Садо аз тобут»-и А. Қаҳҳор), Гумоштаи сиёсӣ («Алломаи Адҳам»-и С. Улуғзода), Шайх Низомиддин («Зебуниссо»-и Ш. Қиёмов ва М. Шералӣ), Оқсақол («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Қарабой («Гилеми кабуд»-и Т. Аҳмадхонов), Ашӯр («Хонашерони майдонғариб»-и Ш. Қиёмов), Халил-афандӣ («Айнӣ»-и Ғ. Абдулло), Гӯрков («Гамлет»-и В. Шекспир), Атаман Дор («Кӯзаи гӯё»-и А. Абӯбакр), Искандар Маҳкамов («Кӯпрук»-и Ф. Ниёзӣ), Мишка Земсов («Бозиҳои бераҳмона»-и А. Арбузов), Азизулло («Фарзанди Осиё»-и Р. Қудратов), Маҳкам («Исёни арӯсон»-и А. Аҳмад), Суламӣ («Рудакӣ»-и С. Улуғзода), Ширинкор («Шоҳ Лир»-и В. Шекспир), Генерал («Бо имзои Ленин»-и А. Атобоев), Туманчиков («Авлиё ва осӣ»-и М. Варфоломиев), Тешабой («Лайлатулқадр»-и Ю. Акобиров), Раҳимов («Дар чорсӯ»-и Н. Табаров), Сатторов («Ҳақиқати талх»-и С. Сафаров), Шер («Заргӯши доно»-и Ш. Қиёмов), ӯрмонқамиш («Мардҳо намегирянд»-и Ҷ. Қуддус), Қосид («Эдип»-и Софокл), Ҳасанлӣ (Қиёми Лоҳутӣ”-и А. Атобоев), Қаровул («Худкардаро даво нест»-и М. Холов), Шодиқулов («Ҷияни хира»-и Ш Солеҳ), Лақай («Парвози Сабзабаноз»-и М. Муҳаммадиев), Саргурба («Қиссаи аҷибу ғариб»-и Т. Аҳмадхонов), Аброр («Афсонаҳои мӯйсафед»-и Н. Абдуллоев), М. Қосимов («Драмаи миллат»-и С. Аюбӣ), Муҳаммади Башоро (« Шоҳ Исмоил»-и М. Бахтӣ), Олим («Мусофир»-и Н. Абдуллоев), Даврон («Сӯробҳо»-и Н. Табаров), Ҳумон ва Ҳаҷир («Зуҳури навини Сӯҳроб»-и Ф. Умаров), Мудир Қайсар («Тахти султон Маҳмуд»-и Ш. Солеҳ), Эрбуқохон («Темурмалик»-и М. Бахтӣ), Угаров («Бист дақиқа бо фаришта»-и А. Вампилов), Холмат («Бой ва Хизматгор»-и Ҳ. Ниёзӣ).

Қиёмиддин Чақалов дар филмҳо низ нақш офаридааст: Сияҳсавор («Ашк ва шамшер»), қассоб («Ҷазира»), муаллим («Муҷассамаи ишқ»-и У. Мирзоширинов, соли 2003), директории совхоз («Сароби хунин»).

Бо нишони сарисинагии «Аълочии маданияти СССР» сарфароз гардидааст.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба наздикону пайвандон, мухлисон ва хонаводаи устоди зиндаëд, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Қиëмиддин Чақалов таслият арз мекунад. Худованд устодро раҳмату мағфират ва шоистаи ҷаннат гардонад!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь