Трамп талаб кард, ки “ҳарчи зудтар мулоқот бо Путин ташкил карда шавад”,- менависад шабакаи телевизиёнии CNN.

Президенти ИМА Доналд Трамп аз командаи худ талаб кард, ки ҳарчи зудтар бо Президенти Русия Владимир Путин мулоқотро ташкил кунанд. Гарчанде ки ба нақшагирии мулоқот дар ин сатҳ ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳоро дар бар мегирад. Кремл ва кохи Сафед қаблан хабар дода буданд, ки Президенти Руссия Владимир Путин ва Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 15 август дар Аляска мулоқот хоҳанд кард. Ҷои дақиқи мулоқот дар Иёлот ҳанӯз дар Маскав ва Вашингтон гуфта нашудааст: “Трамп ба дастаи худ фишор овард, то ин ҳафта вохӯриро бо суръати фавқулодда ташкил кунанд. Одатан, ба нақшагирии мулоқотҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим, алахусус бо рақибоне мисоли Русия, ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳоро дар бар мегирад “- гуфта мешавад дар хабар. Илова бар ин, тибқи маълумоти шабакаи телевизионӣ, Трамп ба таври хусусӣ ба мушовирон изҳор дошт, ки ҳар гуна кӯшиши хотима додан ба низоъи Украина ба саъю кӯшиш меарзад, ҳатто агар он дар хотима муваффақ ҳам нашавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь