Дафтари матбуоти шаҳрдори Санкт-Петербург хабар дод, ки қарори мазкурро Александр Беглов, раиси шаҳр, имзо кард ва он то 10 рӯзи дигар ҳукми иҷро мегирад.

Ба асоси ин қарор, “шаҳрвандони хориҷӣ, ки бар асоси патент кор мекунанд, ҳақ надоранд, то охири соли 2025 таксӣ ронанд.” Онҳоеро ҳам, ки мошин иҷора гирифта таксиронӣ мекунанд, аз ҳаққи ин кор маҳрум мешаванд.

Ҳадаф аз қабули қарор “беҳтар кардани хадамот ва амният дар таксиҳо ва фароҳам сохтани имконоти иловагӣ барои шаҳрвандони худи Русия аст. Ширкатҳое, ки муҳоҷирони кориро ҳамчун ронандаи таксӣ ба кор гирифтаанд, се моҳ фурсат доранд, ки онҳоро ҷавоб диҳанду корманди нав гиранд.

Ба қавли мақомоти Санкт-Петербург, маҳрум кардани хориҷиён аз ҳаққи таксиронӣ имкон медиҳад, таъсири он ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар шаҳрро арзёбӣ кунанд ва дар сурати натиҷаҳои мусбат додани он шояд таҷриба то моҳи ноябри соли 2025 идома ёбад.

Пештар ширкатҳои таксӣ ва хадамотрасонӣ мегуфтанд, ки агар чунин қароре қабул шавад, қиматҳо дар Санкт-Петербург ба ҳадди ногуфтанӣ боло меравад. Қимати таксӣ мумкин аст, аз 10 то 50 дарсад боло равад ва муштариён ҳам муддати дарозе мунтазири таксӣ монанд.

Бо вуҷуди тамоми маҳдудиятҳо, Русия бузургтарин мизбони муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь