Ҳамасола санаи 31-уми октябр дар саросари ҷаҳон “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” (World Savings Day) ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин рӯз ба баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, ташаккули одатҳои дурусти пасандозкунӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ равона гардидааст.
Мақсад аз баргузор намудани чорабиниҳо дар доираи “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” васеъ намудани имкониятҳои наврасону ҷавонон ҷиҳати ба роҳ мондани ояндаи масъулонаи молиявӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи огоҳии гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ дар самти идоракунии дурусти маблағҳои шахсӣ мебошад.
Бахшида ба ин рӯз, давоми моҳи октябри соли ҷорӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонатбонк” дар ноҳияи Файзобод, шаҳри Конибодом ва шаҳри **Исфара**и вилояти Суғд барои гурӯҳҳои мақсаднок, аз ҷумла занону бонувон, ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо чорабиниҳои омӯзишию маърифатӣ баргузор гардиданд.
Дар ҷараёни чорабиниҳо масъулини Бонк ба иштирокдорон оид ба маҳсулоти бонкӣ, бахусус пасандозҳо, намудҳои онҳо ва тартиби кушодани суратҳисобҳои пасандозӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Ҳамчунин ба ҳозирин паҳлуҳои асосии пасандоз, муҳлати истифода, тарзи гирифтани фоида ва имконияти идоракунии пасандозҳо ба тариқи онлайн бо истифода аз ҳамёни электронии «Амонатмобайл» пурра шарҳ дода шуд.
Дар фарҷоми чорабиниҳо ба саволҳои пешниҳоднамудаи иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас дода шуда, чунин вохӯриҳо ҳамчун омили муҳими ташаккули саводнокии молиявӣ ва рушди фарҳанги пасандозкунӣ дар ҷомеа арзёбӣ гардиданд.



