Ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ чорабинии бошукӯҳе бо иштироки омӯзгорон, хонандагон ва меҳмонони расмӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон иштирок намуда, омӯзгоронро ба ин рӯзи фархунда табрик гуфт. Ӯ дар суханронии худ нақши омӯзгорро дар тарбияи насли наврас, таҳкими маърифат ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ намуда, аз хизматҳои шабонарӯзии устодон изҳори миннатдорӣ кард.
Инчунин, мудири шуъбаи маорифи ноҳия низ суханронӣ намуда, саҳми омӯзгоронро дар рушди соҳаи маориф таъкид намуда, ба як қатор омӯзгорони намунавӣ ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Дар рафти чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки хонандагон ва ҳунармандони маҳаллӣ намоиш дода шуда, муҳити тантанавӣ ва самимӣ ба чорабинӣ рӯҳи хос бахшид.
Чунин иқдомҳо баҳри баланд бардоштани мақому мартабаи омӯзгор ва ҳавасмандгардонии онҳо дар фаъолияти касбӣ аҳамияти бузург доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь