Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши фарҳангии сатҳи вилоятӣ бахшида ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва адибону аҳли фарҳангу ҳунар ширкат варзиданд.
Барнома бо маросими гузоштани гулчанбар дар назди пайкараи Мавлоно оғоз ёфт. Сипас, меҳмонон аз Осорхонаи Мавлоно боздид намуда, бо намунаҳои осори безавол ва андешаҳои ҷовидонаи ин шахсияти маъруфи ҷаҳонӣ ошно шуданд. Дар идома хонандагон бо қироати ашъори Мавлоно ҳусни ифтихори маънавӣ ва завқи адабиро ба чорабинӣ зам карданд.
Баъдан, дар Қасри фарҳанги ноҳия қисмати тантанавии ҳамоиш оғоз ёфт. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Юсуф Амирхон паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро ба аҳли нишаст ироа намуд. Мавсуф дар бораи ҷойгоҳу аҳамияти мероси адабӣ ва фарҳангии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва нақши он дар тарбияи маънавии ҷомеа андеша баён намуд.
Дар қисми фарҳангиву фароғатии ҳамоиш ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов, инчунин омӯзгорон, хонандагон ва ҳаваскорони ноҳия барномаҳои гуногунро пешниҳод карданд.
Таҷлили Рӯзи бузургдошти Мавлоно дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба осори гаронбаҳои ин шоир ва мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ буда, ҳадаф аз он ҳифзу тарғиби арзишҳои волои адабӣ ва фарҳангӣ маҳсуб меёбад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь