7-уми марти соли 2025 дар Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонатбонк” бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандон чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни пурифтихори Рӯзи Модар баргузор гардид.
Дар оғоз Раиси Бонк Салимзода А.А. занону бонувонро бо фарорасии ҷашни мубораки Рӯзи Модар самимона табрику таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки расман ҷашни давлатӣ эълон гардидани ин рӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон далели равшани эътирофи мақому манзалати баланди Зан-Модар дар ҷомеаи соҳибистиқлоли кишвар мебошад.
Зикр гардид, ки Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният буда, нақши ӯ дар ташаккули ҷомеа беназир аст. Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолии Ватани азизамон бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, мақоми зани тоҷик боз ҳам баланд гардида, занон дар баробари мардон ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ шуда, дар самти фаъолиятҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.
Дар идомаи чорабинӣ аъзоёни фаъоли Шӯрои ҷавонони Бонк дар васфи Зан-Модар, қадру манзалат ва бузургдошти ӯ шеърҳои пурмазмун қироат намуданд. Барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки дастпарварони Филармонияи давлатии бачагонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомбахши чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар гардид.
Чорабинӣ дар фазои самимият, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Зан-Модар баргузор шуда, хотироти некро дар дилу дидаи иштирокчиён боқӣ гузошт.
Шаҳзода Дилшодзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь