20-уми марти соли ҷорӣ дар саҳни бинои Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонатбонк” ҷашни пуршукуҳи Наврӯзи хуҷастапай бо тантана таҷлил карда шуд.
Дар чорабинии идона, тибқи анъанаҳои неки наврӯзӣ, бобои деҳқон ва маликаи баҳор ба саҳна баромада, ба иштирокдорон мужда аз фарорасии ҷашни накӯ ва эҳёгари Наврӯзро эҳдо намуданд. Барномаи идона бо риояи суннатҳои миллӣ ва оинҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардида, фазои идона ва шодмонӣ фароҳам овард.
Ҳамзамон, аз ҷониби бонувони ҳунарманду ташаббускори Бонк яке аз хӯрокҳои асосии наврӯзӣ — суманак омода карда шуда, ба шаҳрвандон, мизоҷон ва меҳмонони хориҷӣ ҳамчун армуғони наврӯзӣ пешниҳод гардид, ки нишонаи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги ғании тоҷикон маҳсуб меёбад.
Чорабинии наврӯзӣ дар фазои шодию нишот, бо иштироки фаъолонаи кормандон, шаҳрвандон ва мизоҷони Бонк баргузор гардида, бо рақсу сурудҳои дилнишин ва барномаи фарҳангии рангин дар сатҳи баланди ташкилӣ анҷом ёфт.
Шаҳзода Дилшодзода

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар “Амонатбонк”
Блоки рекламавӣ


