Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи ширкати «TajBuld» намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBuld» доир мешавад.

Дар намоишгоҳ беҳтарин дастовардҳо ва таҷрибаи пешқадами ширкатҳои бонуфузи сохтмонии хориҷӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, технология ва таҷҳизотҳои махсуси соҳавӣ ба маъраз гузошта мешавад.

Яке аз мақсадҳои асосии баргузории намоишгоҳи мазкур ҳамкориҳои нав ва дастгирии бевоситаи корӣ дар соҳаи савдо миёни ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва маҳаллӣ дониста шуда, дар ин замина муаррифии маҳсулотҳои сохтмониву ороишӣ, таҷҳизот ва хизматрасонии сохтмонӣ баҳри бозори маҳаллӣ аст

Намоишгоҳи мазкур давоми се рӯз аз 1-ум то 3-юми октябр доир мешавад ва дар он наздик зиёда аз 50 ширкату намояндагии корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ширкат менамоянд.

Намоишгоҳ бори аввал соли 2022 баргузор шуда буд ва ҳамасола баргузор мешавад. Имсол низ намояндагон ва масъулини корхонаҳои саноатӣ, истеҳсолӣ ва сохтмонии муваффақи кишварҳоми гуногун аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Туркия ва корхонаҳои сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Намоишгоҳи байналмилалии «TajBuld» аз 6 қисмат; маҳсулоти сохтмонӣ ва ороишӣ, пешниҳоди меъморӣ ва ороишӣ, сохтмони манзилҳои наздишаҳрӣ, коммуникатсияҳои муҳандисӣ ва таҷҳизот, техникаҳои махсус, механизмҳо, асбобҳо, либосҳои махсуси соҳавӣ ва моликияти ғайриманқул иборат мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь