Дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн гардид, ки дар он муноқишаи ду нафар ҷавонзан ва як нафар ҷавонмард инъикос ёфтааст. Зимнан, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли навор аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дархост намуданд, ки нисбати ҳодисаи мазкур баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
Дар натиҷаи таҳқиқи навор ҳар се нафарони дар навор инъикосёфта муайян ва ба Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Бохтар дастрас карда шуданд. Инҳо:
Латипов Меҳровар Акбарович санаи таваллудаш 12.10.1995, сокини шаҳри Бохтар, сарбуҳосиби ҶДММ Дарз;
Ҷураева Тоҷинисо Далерҷоновна санаи таваллудаш 25.01.2002;
Ҷураева Нилуфар Далерҷоновна санаи таваллудаш 10.04.1995 ҳарду хоҳарон истиқоматкунандагони ноҳияи Ҷайҳун, ҷамоати деҳоти Панҷ, деҳаи Якуми май.
Дар натиҷаи таҳқиқи ҳодиса муайян карда шуд, ки шаҳрванд Латипов Меҳровар дар вақти шабона ҳангоми машғул шудан ба кироякашӣ ба ҷавонзанон пешниҳоди хизматрасонӣ аз воситаи нақлиёт менамояд, дар ҳамин ҳол хоҳарон Ҷураеваҳо ҷавоби рад дода, ронандаро дашном менамоянд. Сипас байни онҳо дар оғоз муноқишаи лафзӣ ва баъдан аз гиребони ҳамдигар кашидан рух медиҳад.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар се дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Бо қарори Суд нисбати шаҳрванд Латипов Меҳровар ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10 нишондиҳанда баробар ба 750 сомонӣ ва нисбати хоҳарон Ҷураеваҳо ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳандагӣ баробар ба 525 сомонӣ таъин карда шуд.Таҳқиқ ва вокуниш: 3 нафар ҷавонон барои муноқиша дастгир шудаанд
Дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн гардид, ки дар он муноқишаи ду нафар ҷавонзан ва як нафар ҷавонмард инъикос ёфтааст. Зимнан, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли навор аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дархост намуданд, ки нисбати ҳодисаи мазкур баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
Дар натиҷаи таҳқиқи навор ҳар се нафарони дар навор инъикосёфта муайян ва ба Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Бохтар дастрас карда шуданд. Инҳо:
Латипов Меҳровар Акбарович санаи таваллудаш 12.10.1995, сокини шаҳри Бохтар, сарбуҳосиби ҶДММ Дарз;
Ҷураева Тоҷинисо Далерҷоновна санаи таваллудаш 25.01.2002;
Ҷураева Нилуфар Далерҷоновна санаи таваллудаш 10.04.1995 ҳарду хоҳарон истиқоматкунандагони ноҳияи Ҷайҳун, ҷамоати деҳоти Панҷ, деҳаи Якуми май.
Дар натиҷаи таҳқиқи ҳодиса муайян карда шуд, ки шаҳрванд Латипов Меҳровар дар вақти шабона ҳангоми машғул шудан ба кироякашӣ ба ҷавонзанон пешниҳоди хизматрасонӣ аз воситаи нақлиёт менамояд, дар ҳамин ҳол хоҳарон Ҷураеваҳо ҷавоби рад дода, ронандаро дашном менамоянд. Сипас байни онҳо дар оғоз муноқишаи лафзӣ ва баъдан аз гиребони ҳамдигар кашидан рух медиҳад.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар се дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Бо қарори Суд нисбати шаҳрванд Латипов Меҳровар ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10 нишондиҳанда баробар ба 750 сомонӣ ва нисбати хоҳарон Ҷураеваҳо ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳандагӣ баробар ба 525 сомонӣ таъин карда шуд.Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ба шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.

Таҳқиқ ва вокуниш: 3 ҷавон барои муноқиша дастгир шуданд
Блоки рекламавӣ


