Раёсати Вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн гардид, ки дар он ноболиғдухтаре аз бадрафторӣ ва кирдорҳои падарандараш шикоят мекунад. Зимнан, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли навор аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дархост намуданд, ки нисбати ҳодисаи мазкур баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
Дар натиҷаи таҳқиқи навор муайян карда шуд, ки ноболиғи дар навор инъикосгардида хонандаи синфи 5-и яке аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ буда, аз хушунати хонаводагӣ ранҷ мебарад.
Дар доираи таҳқиқи ҳодиса ҳамчун гумонбар шаҳрванд Ғайратов Сангалӣ Исматуллоевич соли таваллудаш 11.05.1998 зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ, ҷамоати Даштигуло, деҳаи Файзобод дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки дастгиршуда бо модари ноболиғдухтари муроҷиаткунанда оила барпо намуда, аз зиндагии якҷоя боз соҳиби як нафар фарзанд гардидаанд.
Дар доираи санҷишу таҳқиқи ҳодиса ҳукмфармо будани фазои носолими хонаводагӣ, номуросоӣ, хушунату бадрафторӣ дар муносибатҳои оиладорӣ муайян карда шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда Ғайратов Сангалӣ Исматуллоевич тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь