Ёвари раҳбари Руссия дар бораи мулоқоти Владимир Путин бо фиристодаи махсуси Доналд Трамп, – Стив Уиткофф ва домоди Президенти ИМА Кушнер изҳори назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, мулоқоти раҳбарони Руссия ва ИМА дар ҳоли ҳозир ба нақша гирифта нашудааст, зеро созишҳо “то ҳол пайдо нашудаанд”. Аммо кор барои расидан ба сулҳи дарозмуддат идома хоҳад ёфт. Ҷонибҳо “дурнамои бузурги ҳамкорӣ” – ро мебинанд ва “бешубҳа аз ҳамдигар дур нашудаанд” – қайд кард Юрий Ушаков.
“Масъалаи ҳудудӣ табиатан барои мо муҳимтарин аст. Барои амрикоиҳо низ. То ҳол ягон созиш пайдо нашудааст, аммо баъзе коркардҳои амрикоӣ, онҳо каму беш қобили қабул ба назар мерасанд, аммо бояд муҳокима карда шаванд. Баъзе ибораҳое, ки пешниҳод шудаанд, барои мо мувофиқ нестанд” – гуфт ӯ.
Ушаков илова кард, ки Маскав ба ғайр аз нақшаи аслии Сулҳи Трамп боз “чор лоиҳа” гирифтааст.
“Сӯҳбат хеле муфид, созанда ва пурмазмун буд. Ва на панҷ дақиқа, балки панҷ соат давом кард. Имконияти муҳокимаи муфассали дурнамои кори минбаъдаи якҷоя барои расидан ба ҳалли дарозмуддати сулҳи бӯҳрони Украина вуҷуд дошт, — қайд кард Ушаков.
Ушаков инчунин гуфт, ки ҷонибҳо “на тафсирҳо ва ҳалли мушаххас, балки моҳият”, аз ҷумла масъалаҳои ҳудудиро муҳокима намуданд.
Руссия ва ИМА ба мувофиқа расиданд, ки моҳияти музокироти Путин ва Уиткоффро дар Кремл ошкор нахоҳанд кард, илова намуд вай.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь