Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Панҷуми октябр суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.
Дар ин зимн Президенти Ӯзбекистон Пешвои миллатро ба муносибати Рӯзи таваллудашон самимона табрику таҳният гуфта, ба Сарвари давлати мо саломатии бардавом, умри бобаракат ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои беназир орзу хостанд.
Дар идомаи сӯҳбат Сарони ду кишвар оид ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори андеша намуданд.
Сарони давлатҳо аз идомаи талошҳои муштарак ҷиҳати тавсеаи минбаъда ва пайвастаи равобиту ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар истиқбол карданд.
Зимни суҳбат ҳамзамон оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.
Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь