Пешопеши 70 солагии журналист, шоир ва нависандаи мумтоз Нозир Ёдгорӣ китоби нави адиб таҳти унвони “Сӯзанбарг” ба дасти хонанда расид.
Китоби нав зери таҳрири Шоири Халқии Тоҷикистон устод Хайрандеш ба табъ расида, аз рубоӣ, дубайтӣ ва қитъаҳои муаллиф иборат аст.
Хотиррасон мешавем, ки пагоҳ, 10 феврал, Устод Ёдгорӣ 70 солагии худро таҷлил мекунад. Ба ин муносибат соати 14. 00 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабӣ баргузор мешавад. Вуруд озод аст.
Блоки рекламавӣ



