Дар чуқурии чор ҳазор метр конканҳои тоҷик ба истихроҷи сурма машғуланд, ки дар ҷаҳон яке аз металҳои гаронбаҳову серхаридор ҳисоб меёбад.
Сурмаро ҳам дар саноати ороишӣ ва ҳам дар истеҳсоли силоҳ истифода менамоянд.
Дар кони Саритоғи воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, ки марбут ба ширкати “Talco Gold” аст, садҳо коргар ҳамарӯза дар паҳнои 50 километр ба истихроҷи маъдани сурма сару кор мегиранд.
Холмаҳмад Ҳакимзода, мудири корҳои зеризаминии “Talco Gold” дар сӯҳбат бо хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, “шумораи коргарон дар шӯъбаи мо 420 нафарро ташкил медиҳад. Аз инҳо 61 нафарашон шаҳрвандони Чин ва 359 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Дар як баст мо метавонем то 50 метр барои корҳои иктишофии геологӣ сӯрохиро парма кунем ва то 54 метр нақб канем. Истеҳсоли маъдан дар як баст то ба 1,5-2 ҳазор тонна мерасад.”
Сурмаро дар соҳаи энергетикаи барқароршаванда, аз ҷумла, дар истеҳсоли батареяҳои офтобӣ ва ҳамчунон мошинҳои ҳарбӣ истифода мекунанд.
Мурод Ҷумъазода, муовини раиси “Talco Gold” гуфтааст, ки “дар Тоҷикистон захираҳои сурма зиёд аст. Сурма ҳам аз роҳҳои зеризаминӣ ва ҳам аз роҳҳои кушод истихроҷ мешавад.”

Сурмаи Тоҷикистон ҷойи корӣ фароҳам меорад
Блоки рекламавӣ


