Дар Сурия аввалин интихоботи порлумонӣ пас аз сарнагунии режими Башор Асад баргузор мешавад.
Раҳбари комиссияи интихоботӣ Муҳаммад Тоҳо ба хабаргузории давлатии SANA гуфтааст, ки раъйдиҳӣ барои Шӯрои мардумӣ рӯзҳои 15-20 сентябр баргузор мешавад. Қаблан, дар моҳи декабри соли 2024, Ал-Шаръ, ки эътилофи ҳокими бар пояи гурӯҳи Ҳаёт Таҳрир аш-Шом (HTS) таъсисёфтаро раҳбарӣ мекунад, бар зарурати баргузории саршумории нави аҳолӣ ва омода кардани конститутсия таъкид карда буд, ки ба гуфтаи ӯ, метавонад ҳадди ақал се сол тӯл кашад.
Тағйири шадид дар мавқеъ, ба гуфтаи нозирон, пас аз коҳиши фишори таҳримҳои байналмилалӣ имконпазир шуд. Дар охири моҳи июн президенти ИМА Доналд Трамп фармонеро имзо кард, ки аксари маҳдудиятҳои иқтисодӣ дар Сурияро лағв мекунад ва таҳримҳоро танҳо алайҳи Башор Асад ва гурӯҳҳои террористӣ боқӣ мондааст. Қаблан, дар моҳҳои феврал ва майи соли 2025 Иттиҳодияи Аврупо низ як қатор таҳримҳо дар бахшҳои энержӣ, нақлиёт ва молиявиро барои ин кишвар лағв карда буд.