Вазири корҳои хориҷии Сурия Асад ал-Шибани баъзе ҷузъиёти рӯзҳои пеш аз суқути режими Башор Асадро ҳаштуми декабри соли 2024 нақл кард
Ал-Шибани шаби шанбе дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Сурия “Ал-News” гуфт, ки “бо фармони Президенти феълии Сурия Аҳмад Ал-Шарра 6 декабри соли гузашта мулоқот бо русҳо баргузор шуд, то нерӯҳои Руссияро аз муҳорибае, ки ба сарнагун кардани Асад равона шудааст, боздорад”.
Ба гуфтаи ӯ, инқилобгарон дар сафари худ ба русҳо таъкид карданд, ки он чӣ дар Сурия рӯй медиҳад, тағйири режим аст, на тағйири иттифоқҳои байналмилалӣ.
Аммо Ал-Шибани илова кард, ки Шӯрои музокирот ба ҷониби Руссия фаҳмонид, ки ин иттифоқҳо то он даме, ки ба манфиатҳои миллати Сурия хизмат мекунанд, пойдор хоҳанд буд.
“Ҳикмат дар ҳар як ғалаба аз он иборат аст, ки бидуни зарар ба манфиатҳои кишвар ва мардум оқилона ва барои дарозмуддат рафтор кунем” гуфт ӯ. “

Сурия режимро тағйир дод, на иттифоқчиёни давлатро
Блоки рекламавӣ


