Ҷасади аъзои экипажро пайдо карданд. Мувофиқи маълумоти расонаҳои Қазоқистон, ҷасадҳои ҳар се узви экипажи чархболи низомии дар Қазоқистон гумшударо пайдо кардаанд.
10 август дар ҷараёни ҷустуҷӯҳо ҷасади командири экипаж, майор Нурҷигит Уйсинбаев, 11 август ҷасади капитан Бахтиёр Ерҷигитов, 12 август ҷасади ёвари командири экипаж, капитан Амон Амангелди ҳам ёфт шуд. “Ҳар сеи онҳо хатмкунандагони Донишгоҳи ҳарбии нерӯҳои мудофиаи ҳавоӣ буданд. Дар байни ҳамкорон ва фармондеҳон эҳтиром доштанд. Ҷустуҷӯи пораҳои чархбол идома доранд, – гуфта мешавад дар хабарномаи хадамоти матбуотии Вазорати мудофиа. Тибқи маълумоти расмӣ, барои муайян кардани сабабҳои суқути ҳавопаймо тафтишот гузаронида мешавад. “Роҳбарияти Вазорати мудофиа ва қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Қазоқистон ба хешовандон ва наздикони кушташудагон изҳори ҳамдардӣ мекуна ва, ба онҳо тамоми кӯмаки зарурӣ расонида мешавад”, – гуфта мешавад дар иттилооти паҳншудаи Хадамоти матбуотӣ. Ёдовар мешавем, ки 25 июл дар вилояти Алмаато чархболи низомии EC-145 аз радарҳо нопадид шуд. 26 июл дар кӯли Сорбулак пораҳои ҳавопаймо пайдо гардиданд.



