Остин Мартини 21-сола аз Каролинаи шимолӣ дар наздикии қароргоҳи Трамп дар Мар-А-Лаго кушта шуд. Вай дар клуби голфбозӣ кор мекард ва асосан ба кашидани манзараҳо машғул буд: “Марде, ки аз ҷониби агентҳои хадамоти махфии ИМА дар Флорида, дар наздикии қароргоҳи Трамп дар Мар-А-Лаго кушта шудааст, ҳамчун Остин Такер Мартини 21 – сола аз шаҳри Камерон дар Каролинаи шимолӣ шинохта шудааст”, – менависад New York Post.
Оилаи Мартин, аз рӯи хабарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, ӯро аз шоми шанбе ҷустуҷӯ мекарданд. Модари Ӯ Мелисса Мартин дар саҳифаи худ дар бораи гум шудани писараш хабар додааст. Аксҳои худи Мартин дар шабакаҳои иҷтимоӣ, тавре ки New York Post менависад, шаҳодат медиҳанд, ки ӯ ба кашидани манзараҳои голф-майдонҳо шавқ дошт. Дар instagram-и ӯ як қатор акварелҳо ва нақшаҳои сиеҳ ва сафед нашр шудаанд, ки аксари онҳо зоҳиран хлуби голфии Email Ridge-ро дар тақрибан 15-20 мил шимоли хонаи ӯ дар Камерон тасвир мекунанд. Паёми охирин дар саҳифаи шабакаи ифтимоӣ се рӯз пеш гузошта шуда буд.
Бародарзодаи Мартин, – Брейден Филдс дар сӯҳбат бо Associated Press Мартинро ҳамчун “марди ором, ки аз силоҳ метарсид” тавсиф кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь