Суди махсуси байниноҳиявӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии шаҳри Шимкент Реннар Жиембайро барои сӯиқасд ба ҷони муовини раиси шаҳр Руслан Берденов ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Дар Ин бора Kazinform хабар додааст.
Айбдоршаванда дар қисми 3 – и моддаи 24 (“Кӯшиши содир кардани ҷиноят”) ва қисми 1 – и моддаи 99 (“Куштор”) – и Кодекси ҷиноятии Қазоқистон гунаҳкор дониста шудааст.
Суди махсуси байниноҳиявӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии шаҳри Шимкент Реннар Жиембайро барои сӯиқасд ба ҷони муовини раиси шаҳр Руслан Берденов ба 9 соли зиндон маҳкум шуд.
Айбдоршаванда дар қисми 3 – и моддаи 24 (“Кӯшиши ҷиноят”) ва қисми 1 – и моддаи 99 (Куштор)-и Кодекси ҷиноятии Қазоқистон гунаҳкор дониста шудааст. Тибқи маводи парванда, 21 апрели соли 2025 роҳбари ТҶ “Тургин Шымкент” Реннар Жиембай, дар ҳолати мастӣ, бинобар нафрати шахсӣ ба Руслан Берденов панҷ тир аз туфангчаи шикорӣ зад. Ҷиноят ба охир нарасид, зеро тирҳо тамом шуданд, ҷабрдида муқовимат кард ва шоҳидони ҷиноят ба ӯ кӯмак карданд.
Гуноҳи Жиембай бо сабтҳои видеоӣ ва экспертизаҳои судӣ тасдиқ карда шудааст.
Дар акс Руслан Берденов (аз чап) ва Ернар Жиембай. Акс аз сайти ulys.kz