Сӯҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Дар оғози сӯҳбат Президенти Руссия Владимир Путин Сарвари давлати моро бо зодрӯзашон самимона табрик гуфта, таманниёти неки худро иброз намуданд.
Бо изҳори миннатдорӣ барои табрикоти гарму самимӣ, Пешвои миллат таъкид карданд, ки таманниёти неки ӯро ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб медонанд.
Дар идомаи сӯҳбат Сарони давлатҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнидавлатии ду кишварро, ки дар асоси усулҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ сурат мегиранд, мавриди назар қарор доданд.
Президентҳо, ҳамчунин, оид ба ҷадвали мулоқотҳои сатҳи олии дарпешистода ва дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи тарафайн сӯҳбат карданд.

Сӯҳбати тилфонӣ бо Владимир Путин
Блоки рекламавӣ


