14 октябр суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Руссия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат Президенти Федератсияи Руссия аз Сарвари давлати мо барои пазироӣ ва меҳмоннавозии гарм зимни сафари давлатиаш ба Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Ҷонибҳо ҳамзамон ҷанбаҳои алоҳидаи мувофиқаҳои дар доираи ин сафар бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳҳои татбиқи минбаъдаи онҳоро мушаххас сохтанд.
Ҳамчунин натиҷаҳои муҳими Нишасти сарони давлатҳо дар чорчуби “Осиёи Марказӣ — Руссия” ва ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ, ки дар Душанбе баргузор гардиданд, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Дар фарҷом омодагии ҷонибҳо барои андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни Тоҷикистон ва Руссия таъкид гардид.

Суҳбати тилфонӣ бо Путин
Блоки рекламавӣ


