Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Вазири меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия Ведат Ишикхан мулоқот кард.
Зимни мулоқот иброз гардид, ки ҷониби Тоҷикистон аз сатҳу муҳтавои равобити дуҷониба бо Туркия, ки бар арзишҳои умумии тамаддунӣ, таърихӣ ва бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои муштарак асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ дорад.
Зарурати густариш ва таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инчунин рушди шарикии дарозмуддат таъкид шуд.
Муовини якуми Сарвазири мамлакат зарурати баргузории ҷаласаи нахустини Шурои ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Туркияро таъкид карда, Шуроро воситаи муассир барои баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкории гуногунҷанба донист.
Дар мулоқот ҳамчунин аз масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, саноат, сайёҳӣ, маориф, илм ва фарҳанг гуфта шуд.

Сӯҳбати Ҳоким Холиқзода бо Ведат Ишикхан
Блоки рекламавӣ


