Сухангӯи Президенти Қирғизистон Аскат Алагозов дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook иттилоъ дод, ки овозаи барканор шудани шаҳрдори Бишкек Айбек Ҷунушалиев дар шабакаҳои иҷтимоӣ асос надорад: “Ман расман изҳор медорам, ки ин маълумот дуруст нест. Бо вуҷуди ин, ман мехоҳам ба ҷомеа низ муроҷиат кунам. Роҳбарони шаҳрҳои калон, вазирон ва дигар шахсони мансабдор вазифаҳои худро то интихоботи президентӣ идома медиҳанд. Истисно метавонад танҳо дар сурате сурат гирад, ки дар фаъолияти онҳо камбудиҳои ҷиддӣ е вайрон кардани қонунгузорӣ ошкор карда шаванд”, – гуфт сухангӯи сарвари давлат.
Алагозов илова кард, ки то ин вақт ягон тағйироти кадрӣ, аз ҷумла истеъфо ва таъинот ба нақша гирифта нашудааст.
Ин равиш барои нигоҳ доштани субот ва муттаасилӣ дар кори дастаи кунунӣ аст.
Едовар мешавем, ки раисони шаҳрҳои Қирғизистонро Президент мустақиман бо қарори худ таъин мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь