Нисбати масъули шӯъбаи назорат дар соҳаи нақлиёт дар Суғд барои занозанӣ дар як тарабхона, парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Аз додситонӣ ва шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд ин хабарро тасдиқ намуданд.

Ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар гузорише аз занозанӣ дар як маркази дилхушии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Фаррух Саидзода, сардори шуъбаи назорати танзими нақлиёт дар шоҳроҳи Конибодом ва Исфара маълумот пахш  шуда буд. Баъди нашри гузориш дар шабакаҳои иҷтимоӣ,  бархе масъулини ин ниҳод қазияро тафсилот доданд.

Ба гуфтаи манобеъ, парванда охири моҳи январ аз сӯи додситонии Хуҷанд боз шуда, ҳодиса то он вақт аз сӯи масъулини шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд мавриди тафтиш қарор дошт.

Яке аз манбаъҳо гуфтааст, ки “пас аз рух додани ҳодиса, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, феълан дар тафтишоти пешакии мақомоти додситонӣ қарор дорад. Рӯзҳои наздик бояд барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шавад. Аъмоли ӯ аз рӯи моддаи “авбошӣ” ва “вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ”, санҷида мешавад”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь