Ҷавонони ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара ба хизмати Ватан равона гардиданд ва чун анъана нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар рӯзи аввал иҷро карданд.
Дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ба муносибати гусели наваскарон ҳамоиши идона доир гардид. Диловарони ворухӣ бо сарбаландӣ ва ифтихор аз Ватан дар назди волидон ва ҳамдеҳагон паҳлу ба паҳлу дар саф истода, бо ин иқдоми ҷавонмардона нишон доданд, ки ба давлату миллат содиқ ҳастанд.
Иштирокдорон аз масъулиятшиносӣ, ташаббуси ватандӯстона, ҳувияти баланди миллӣ ва матонату ҷавонмардии ҷавонони ба хизмати Ватан ҳозиршуда ёдовар шуда, ба волидайни онҳо барои тарбияи ҷавонписарони боғайрату далер изҳори сипос намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь