Имсол дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таъмир ва сохтмони 101 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин таъмири 86 адад марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо, марказҳои саломатии деҳот, бунгоҳҳои саломатӣ, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои хизматрасонӣ мебошанд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 15 адад марказҳои саломатӣ низ дар назар дошта шудаст.
Айни замон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони биноҳои иловагӣ дар Маркази клиникавии эндокринологии вилоятӣ, Маркази саратоншиносии вилоятӣ, Беморхонаи шаҳрии №1 ва дар Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ идома доранд. Инчунин дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони бинои иловагии Беморхонаи марказӣ, ноҳияи Деваштич сохтмони Беморхонаи минтақавии деҳоти Далёни боло низ ҷараён доранд.
Дар вилояти Суғд 944 муассисаҳои тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 136 муассисаҳои госпиталӣ, 808 сохтори муассисаи кумаки аввалини тиббию санитарӣ ва 293 хусусӣ, ки аз онҳо 157 ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуд бо 58 намояндагӣ ва 78 соҳибкорони инфиродӣ мебошанд, фаъолият менамоянд. Ҳамчунин дар вилоят 15 756 катҳои бистарӣ, 13 703 катҳо дар муассисаҳои давлатӣ ва 2053 катҳо дар муассисаҳои хусусии тиббӣ мебошанд.

Суғд: Таъмири 100 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст
Блоки рекламавӣ


