Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии иншооти тиббӣ оғоз бахшида, зикр дошт, ки корҳои бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷараён дорад. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихии миллат то имрӯз дар вилоят беш аз 12 ҳазор иншоот ба истифода супорида шуда, боз садҳо иншооти дигар ба истифода дода хоҳад шуд.
Таъкид гардид, ки бо дарназардошти талаботи рӯз ва зарурати такмил додани инфрасохтори тиббӣ сохтмони бинои нави Маркази микроҷарроҳии чашм бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
сурат мегирад. Лоиҳа мутобиқ ба меъёрҳои соҳа таҳия гардида, дар бино имкониятҳои васеи ташхису табобати бемориҳои чашм фароҳам хоҳад шуд.
Раиси вилоят ба табибон таъкид намуд, ки барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи пешгирию табобати бемориҳои чашм тамоми имкониятҳо бояд самаранок истифода шаванд.
Марказ дорои шуъбаҳои кӯдакон ва калонсолон буда, бо татбиқи лоиҳаи нав фаъолияти он беҳтару хубтар мегардад.

Суғд: Сохтмони бинои Маркази микроҷарроҳии чашм оғоз ёфт
Блоки рекламавӣ


