Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» ҷамъбаст гардида, ғолибон аз рӯйи бахшҳои гуногун муайян карда шуда, ғолибон қадршиносӣ гардиданд.
Дар бахши «Шаҳри беҳтарин» шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистон ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб шуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода диплом ва мукофоти пулӣ тақдим намуданд.
Лозим ба аст, ки дар бахши “Шаҳраки беҳтарин”-и озмуни мазкур шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон соҳиби ҷойи аввал гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардид.
Блоки рекламавӣ



