Имсол дар вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахта 131 ҳазору 300 тонна пешбинӣ гардида, то имрӯз 73 ҳазору 994 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 56,4 фоизи нақша баробар мебошад.
Ба иттилои Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, нақшаи ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ашт 13 ҳазору 851 тонна буда, то имрӯз 8 ҳазору 485 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 61,3 фоизи нақша баробар мебошад.
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи истеҳсол 12 ҳазору 529 тонна муайян гардида, то имрӯз 8 ҳазору 137 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 65 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь