Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, бунёди иншооти наву замонавии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ идома дорад.
Тибқи нақша бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, саҳми ширкатҳои сохтмонӣ ва соҳибкорону саховатмандон, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловатан зиёда аз 3 ҳазор иншооти дигар бунёд ва ба истифода дода мешавад.
Дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода муаррифии лоиҳаҳои биноҳои наву замонавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовинони раиси вилоят, меъморон, лоиҳакашон, шаҳрсозон, роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ зимни баромад доир ба бунёду навсозии як қатор иншооти соҳаҳои савдову иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маълумот дода, таъкид намуд, ки корҳои сохтмонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома доранд. Зикр гардид, ки иншооти бунёдшаванда бо фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ аҳамияти муҳим доранд.
Зимни муаррифӣ роҳбарияти ҶСП “Бозори Ваҳдат” иттилоъ дод, ки ин маҷмааи бузурги тиҷоратӣ дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд – Бобоҷон Ғафуров ҷойгир буда, аз 12 минтақаи махсуси савдо иборат хоҳад буд. Дар ин ҷо бозорҳои масолеҳи сохтмонӣ, техникаи маишӣ, мебел, маҳсулоти рӯзгор, ашёи хӯрока ва сару либос бунёд мегарданд.
Ҳамчунин, дар ҳудуди бозор терминали байналмилалӣ бо анборҳои захиравӣ дар масоҳати 15,7 гектар сохта мешавад. Барои истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ, дидбонгоҳҳои оташнишонӣ, роҳҳои дохилӣ ва таваққуфгоҳ барои наздик ба 5000 воситаи нақлиёт шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Лоиҳа истифодаи панелҳои офтобиро барои таъмини неруи барқ пешбинӣ менамояд.
Зикр гардид, ки бозори мазкур яке аз калонтарин бозорҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, бо мақсади татбиқи ҳадафҳои барномавии кишвар ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат сохта мешавад.
Ҳамзамон, лоиҳаи нави ҶДММ “Бозори Камоли Хуҷандӣ” низ муаррифӣ гардид. Ин бозор дар масоҳати 10 гектар бунёд шуда, сохтмони биноҳои 2 ва 5-ошёна бо таҳхона, инчунин як қатор биноҳои дигар бо фароҳамсозии зиёда аз 2500 ҷойи кориро дар бар мегирад. Дар назди бозор сохтмони меҳмонхона, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраи модару кӯдак ва дигар инфрасохтори муҳим пешбинӣ шудааст.
Илова бар ин, дар бинои 5-ошёна таъсиси муассисаи томактабӣ барои 100 нафар кӯдакон ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳа инчунин насби панелҳои офтобӣ, риояи талаботи техникаи бехатарӣ ва истифодаи унсурҳои миллӣ дар меъмориро дар бар мегирад.
Дар идома роҳбарияти шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ лоиҳаҳои сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои хизматрасониро муаррифӣ намуданд. Қайд гардид, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлол дар ин минтақаҳо бунёди муассисаҳои маорифу тандурустӣ, боғу гулгаштҳо ва марказҳои хизматрасонӣ ҷараён дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулин дастур дод, ки зимни сохтмони иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи босифат, риояи талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ ва таҳлили хоки минтақа аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Суғд: Муаррифии лоиҳаҳои иншооти замонавӣ
Блоки рекламавӣ


