Вилояти Суғд яке аз гӯшаҳои зебоманзари кишвар ба шумор рафта, имконияту зарфиятҳои соҳаи сайёҳии он мақсаднок истифода мегардад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз минтақаи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон, ки яке аз мавзеъҳои афсункори табиӣ ва сайёҳӣ аст, аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба рушди инфрасохтори соҳа, фароҳам овардани шароити муосир барои истироҳати шаҳрвандон ва ҷалби бештари сайёҳон ёдовар шуд. Ӯ таъкид намуд, ки дар баробари ташрифи сайёҳони хориҷӣ, сайёҳони дохилӣ низ аз табиати нотакрори Шаҳристон баҳра мегиранд. Ба ҳамин хотир масъулони соҳаро зарур аст, ки ба тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист, махсусан дар минтақаи Хуррамдара, диққати ҷиддӣ диҳанд.
Имрӯзҳо Хуррамдара ба макони писандида барои садҳо нафар сайёҳ табдил ёфтааст. Манзараҳои дилфиреб, обҳои мусаффо ва ҳавои руҳнавоз истироҳаткунандагонро мафтун месозанд. Бо ин вуҷуд, баъзе шаҳрвандон пас аз истироҳат партовҳоро дар ҷойҳои ғайримақсаднок партофта, боиси олудагии муҳит мегарданд. Бо назардошти ин, назорат ҷиҳати тозаву назаррабо нигоҳ доштани мавзеъ бояд пурзӯр карда шавад. Ҳар шахсе, ки ба ин мавзеъ меояд, вазифадор аст, ки ба табиат зарар нарасонад ва партовҳоро танҳо дар ҷойҳои махсуси пешбинишуда гузорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо таъкиди онки тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист рисолати ҳар фарди худогоҳ аст, ба масъулин барои мунтазам гузаронидани ҳашар ва тоза нигоҳ доштани минтақаи сайёҳӣ супоришҳо дод.Дар ин бора Хадамоти матбуотии вилояти Суғд хабар додааст

Суғд – минтақаи рушдёбандаи сайёҳӣ
Блоки рекламавӣ


