Масъалаи насби панелҳои офтобӣ ва рушди истеҳсоли энергияи «сабз» дар вохӯрии намояндагони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ гуфтушунид шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳо, таҷдиду навсозии пойгоҳҳои обкашӣ ва соҳаи энергетика мубодилаи афкор доир гардид.
Дар Тоҷикистон аз якуми апрели соли 2024 истифодаи ҳатмии низоми барқи офтобӣ ҳангоми сохтмон ва таҷдиди биноҳо ба роҳ монда шуд. Ин иқдом, аз ҷумла ба хонаҳои истиқоматӣ, маҷмааҳои варзишӣ, биноҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва ғайра дахл дорад.
Иброз шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои об то имрӯз натиҷаи хуб дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба намояндагони Иттиҳоди Аврупо доир ба имконияту зарфияти иқтисодии вилояти Суғд, аз ҷумла дар бахшҳои кишоварзӣ ва энергетика маълумот ироа гардид.
Дар вилояти Суғд бо дастгирии ташкилоти байналмилалӣ ва шарикони рушд якчанд лоиҳаҳои муҳим амалӣ шуда, тадбирҳои судманд барои рушди ҳамачонибаи иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мавриди муҳокима қарор гирифт.

Суғд: Масъалаи насби панелҳои офтобӣ баррасӣ шуд
Блоки рекламавӣ


