Дар вилояти Суғд бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони корхонаи азими саноатӣ – корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП “Комбинати металлургии тоҷик” идома дорад. Соли ҷорӣ маҳз бо иштироки Пешвои миллат дар мавзеи Шоқадамбулоқ санги асоси ин иншооти муҳим гузошта шуд, ки оғози як марҳалаи нав дар рушди соҳаи саноати маъдан ва саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.
Айни замон дар комбинат корҳои сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 700 нафар сохтмончии маҳаллӣ ва мутахассисон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо суръати баланд ҷараён доранд. Лоиҳа бунёди коргоҳу сехҳои истеҳсолӣ, иншооти ёрирасон ва се бинои баландошёнаи маъмурӣ, хобгоҳ ва ошхонаро дар бар мегирад. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ беш аз 150 адад техникаву таҷҳизоти пуриқтидор ба таври шабонарӯзӣ фаъолият доранд.
Маврид ба зикр аст, ки бунёд ва ба истифода додани ин корхона қадами устувор дар самти афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва содироти маҳсулоти ватанӣ мебошад.
Корхона дар ду марҳила сохта мешавад, марҳилаи аввал то соли 2027 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад ва марҳилаи дуюм то соли 2031 пурра ба истифода дода мешавад.
Иқтидори лоиҳавии солонаи корхона истихроҷ ва коркарди 2,5 миллион тонна маъдан буда, аз он 1,1 миллион тонна консентрати истеҳсолӣ ба даст меояд. Ҳаҷми маъдани оҳан дар хока 62-65 фоиз-ро ташкил дода, дар баробари маъдани оҳан, дигар маъданҳои сиёҳ ва ранга низ коркард хоҳанд шуд. Қисми зиёди маҳсулот барои содирот равона гардида, боқимонда барои бозори дохилӣ истифода хоҳад шуд.
Пас аз ба кор даромадани марҳилаи аввал 1200 нафар, ва баъд аз пурра ба истифода додани корхона беш аз 2000 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз ҷараёни сохтмон бо масъулини корхона ва дигар ниҳодҳои марбута вохӯрда, барои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳои сохтмонӣ супоришҳои мушаххас дод. Ӯ таъкид намуд, ки амалисозии ин тарҳи бузург дар самти татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат, ташкили ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ нақши калидӣ мебозад.
Бо супориши Раиси вилоят, ҳамзамон бо бунёди корхона, корҳои муҳим дар соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, инчунин таъмиру навсозии роҳҳои мошингард дар минтақа ба роҳ монда мешаванд, то фаъолияти корхона ва зиндагии сокинони маҳаллӣ дар сатҳи баланд таъмин гардад.
Бунёди корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани “Комбинати металлургии тоҷик” барои пешрафти иқтисоди миллӣ аҳамияти бузург дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь