11 сентябри соли 2025 дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи Лигаи дуюм ва дастаи футболи «Эсхата» баргузор гардид.
Дар оғоз Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода аз дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ёдоварӣ карда, иброз дошт, ки дар саросари кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, корҳои назаррас ҷиҳати рушду инкишофи футбол амалӣ гардида истодааст.
Дар ҷараёни чорабинӣ Раиси вилоят клуби футболи «Эсхата»-ро ба муносибати роҳ ёфтан ба бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба футболбозону мураббиён ва роҳбарияти даста дар ин рақобати муҳим муваффақият орзу кард. Бо мақсади ҳавасмандсозии бозигарон ва дастгирии минбаъдаи даста мукофоти молиявӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ба КФ «Эсхата» тақдим карда шуд.
Ҳамзамон, ба ҳар яке аз дастаҳои иштирокчии Лигаи дуюм тӯбҳои бренди Molten тақдим гардид.
Раҷаб Аҳмадзода ба масъулин ва роҳбарони дастаҳо дастур дод, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосир барои тамрин ва баргузории мусобиқаҳо кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ Раиси вилояти Суғд изҳори умед намуд, ки бо талошҳои муштарак ва ҳамкории судманд футбол дар вилояти Суғд ба сатҳи нав мебарояд ва дастаҳои вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ натиҷаҳои баландро соҳиб мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь