16 октябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунии роҳи кӯчаи Себзори шаҳри Хуҷанд оғоз бахшида шуд.
Дарозии ин роҳ 1 километр ва паҳноии он 16–18 метрро ташкил дода, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мумфарш карда мешавад.
Тибқи маълумоти оморӣ дар нуҳ моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 600 километр роҳ пурра мумфарш гардида, корҳои мумфаршкуниву навсозии роҳҳо бо маром идома дорад.
Ҳамзамон, ба мумфаршкунии роҳи яке аз кӯчаҳои маҳаллаи Темурмалик низ оғоз бахшида шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь