Ширкатҳои чинӣ, ки майли зиёде ба маъданҳои кӯҳӣ доранд, таваҷҷуҳро ба вилояти Суғд бештар кардаанд. Намояндагони ҳукумат дар шимоли Тоҷикистон гуфтанд, то ду сол пеш Русия сармоягузори асосӣ ба иқтисоди вилоят буд, ҳоло ҷояшро Чин гирифтааст.
“Бар асоси ҳисоботи соли 2025, сармоягузори бевоситаи 13 корхона дар вилоят Чин мебошад. Тақрибан 70 дарсади сармоягузорӣ аз ҳисоби хитоиҳо ба вилоят сурат гирифтааст,” – гуфтааст Муҳаммадҷобир Раҷабзода, муовини раиси Идораи сармоягузории вилоят.
Дар умум дар соли 2025 якуним миллиард доллар сармояи хориҷӣ ба вилояти Суғд ҷалб карда шудааст. Баъд аз Чин Русияву Қазоқистон ба ин минтақаи Тоҷикистон таваҷҷуҳ доштаанд.
Блоки рекламавӣ



