Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар машварат муовини якум ва муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони як қатор шаҳру навоҳӣ, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар машварат таваҷҷуҳи асосӣ ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омодагӣ ба ҷашнҳои фархунда, аз ҷумла Рӯзи модар ва Наврӯзи байналмилалӣ равона гардид.
Раиси вилоят ба масъалаи омодагии пойгоҳҳои обрасонӣ ба мавсими кишти баҳорӣ, азхудкунии заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, риояи ҳатмии структураи кишт, иҷрои нақшаи кишти картошкаи барвақтӣ, бунёди боғу токзорҳои интенсивӣ ва шинонидани ниҳолони ороишиву сояафкан таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Бо мақсади таҷлили шоистаи Наврӯзи байналмилалӣ масъулин вазифадор гардиданд, ки корҳои сабзу хуррамгардонӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард, ташкили чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва анҷоми амалҳои хайру савобро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.
Дар фарҷом Раиси вилоят барои иҷрои босифати вазифаҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь