Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор шуд.
Дар рӯзи қабули шаҳрвандон, ки 13 сентябр сурат гирифт, наздик ба 100 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят масъалаҳои муҳими иҷтимоии худ, аз ҷумла таъмин шудан бо хонаҳои истиқоматӣ, ҷудо кардани қитъаи замин барои бунёди манзили истиқоматӣ ва марказҳои хизматрасонӣ, дастрасӣ ба маҳсулоти сохтмонӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба табобат ва гузаронидани ҷарроҳӣ, ҳамчунин дигар мушкилоти иҷтимоиро ба миён гузошта шуд.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ҳар як муроҷиатро баррасӣ карда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои шаҳрвандон ва пурра, холисона ва дар муҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ намудани муроҷиатҳо муовинони Раиси вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони бахшу идораҳои дахлдорро вобаста намуд.
Бояд зикр кард, ки қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта бо иштироки роҳбарияти вилоят, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва бахшу идораҳои дахлдор баргузор гардида, ҳадафи асосии он ҳалли мушкилоти шаҳрвандон ва ба роҳ мондани робитаи бевосита миёни мардум ва масъулон мебошад.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд.

Суғд: Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода
Блоки рекламавӣ


