Хабаргузории “Рейтерс” бо такя ба Кремл навиштааси, ки Президенти Руссия Владимир Путин бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу сӯҳбат кардааст. Ин суҳбат рӯзи 15-уми ноябр телефонӣ анҷом шуд.
Ду ҷониб дар бораи вазъияти Ховари Миёна, аз ҷумла таҳаввулот дар Ғазза, Сурия ва барномаи ҳастаии Эрон гуфтугӯ карданд. Тафсилоти сӯҳбат дода нашудааст.
Ба гузориши “Таймз Исроил”, дафтари Нетаняҳу низ танҳо ишора ба суҳбати ду тараф дар бораи “масоили минтақаӣ” гуфтаанд.
Гуфтугӯи раҳбарони Русия ва Исроил се рӯз баъди он сурат гирифт, ки Эрон ба бозрасони Созмони байнулмилалии энергетикии атомӣ иҷоза надод, то ба таъсисоти ҳастаияш, ки Исроил ва Амрико бомбаборон кардаанд ошно шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь