Трамп ҳоло ҳам ба музокироти зудтари Руссия ва Украина умед мебандад.
Президенти Амрико Доналд Трамп изҳор дошт, ки фишорро ба Руссия барои расидан ба созиш дар муноқишаи Украина афзоиш хоҳад дод. Вай инчунин қайд кард, ки умедвор аст, ки ҷонибҳои Руссия ва Украина ба зудӣ музокирот хоҳанд кард.
“Мо фишорро зиед мекунем, мо якҷоя фишорро зиёд мекунем. “НАТО дар ин масъала худро хуб нишон медиҳад, онҳо низ фишорро тақвият медиҳанд ” – гуфт Трамп ҳангоми мулоқот бо Президенти Финляндия Александр Стубб дар кохи Сафед. Президенти Амрико изҳор дошт,ки ИМА ба НАТО “силоҳҳои зиёд” мефурӯшад ва ба гуфтаи ӯ, қисми зиёди он Ба Украина меравад.
Доналд Трамп таҳримҳоро алайҳи Руссия истисно накардааст. Аммо Президенти Амрико мушаххас накард, ки кадом маҳдудиятҳоро ҷорӣ карда метавонад.
Ҷаноби Стубб бо Доналд Трамп барои муҳокимаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамкорииминбаъдаи ИМА ва иттифоқчиёни аврупоӣ дар Украина мулоқот хоҳад кард. Президенти Финляндия мавқеи хеле шадиди зидди Руссияро дорад. Ӯ ният дорад, ки Пезиденти Амрикоро ба идомаи ҷанг муттақоид созад

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь