Аз 5 феврали соли 2026 фаъолияти расмии интернети моҳворавии Starlink дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, тамоми расмиёти иҷозатномавӣ, техникӣ ва бақайдгирии давлатии таҷҳизоти интернети моҳворавӣ дар ҳудуди мамлакат пурра анҷом дода шуда, бо ин имконияти истифодаи расмии хизматрасониҳои интернети моҳворавӣ барои шаҳрвандон ва ташкилот фароҳам гардид.
Харид ва дастрас намудани таҷҳизот, инчунин шиносоӣ бо шарту талабот ва тарофаҳои хизматрасонӣ мустақиман тавассути сомонаи расмии ширкати Starlink.com амалӣ карда мешавад. Нархи таҷҳизот ва тарофаҳо аз ҷониби ширкат тибқи сиёсати тиҷоратӣ муайян мегарданд.
Истифодабарандагон метавонанд таҷҳизоти худро мустақилона ба қайд гирифта, фаъол намоянд. Ҳангоми бақайдгирӣ пешниҳоди маълумоти шахсӣ, аз ҷумла нусхаи шиноснома, силсила ва рақами он, рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами телефон ва маълумоти корти пардохт бо маблағи кофӣ барои пардохти хизматрасонӣ талаб карда мешавад.
Инчунин бо мақсади ба низом даровардани истифодаи таҷҳизоте, ки қаблан бе иҷозат фаъол буданд, Хадамоти алоқа ба истифодабарандагон тавсия медиҳад, ки расмиёти бақайдгирии муқарраргардидаро гузашта, истифодаи таҷҳизотро ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намоянд. Зеро нисбат ба чунин таҷҳизот аз ҷониби ширкат метавонад маҳдудият ё қатъи хизматрасонӣ татбиқ гардад.
Тибқи тартиби муқарраргардида, бақайдгирии истифодабарандагон ва таҷҳизоти Starlink аз ҷониби ширкат анҷом дода шуда, маълумоти зарурӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ ба мақоми ваколатдор пешниҳод мегардад.
Хадамоти алоқа раванди истифода ва фаъолияти хизматрасониро назорат намуда, дастрасии маълумоти заруриро барои мақсадҳои назоратӣ ва танзимӣ таъмин менамояд.

Starlink расман ба фаъолият оғоз кард
Блоки рекламавӣ


