SpaceX-и Илон Маск тасмим гирифтааст, ки аз соли 2026 хидмати интернетии моҳвораии Starlink-ро дар Ӯзбекистон роҳандозӣ кунад. Дар ин бора дар вебсайти Starlink маълумот нашр шудааст.
Дар он гуфта мешавад, ки ин хидматрасонӣ дар соли 2026 ба кор андохта мешавад. Starlink расман 13 август дар Қазоқистон ба фаъолият оғоз кард. “Аз 13 августи соли 2025 Starlink расман хадамоти интернетии моҳвораӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистонро пешкаш мекунад. Ба шарофати ин, сокинони кишвар метавонанд тавассути шабакаи моҳвораҳои пасти мадори Starlink, ки ба SpaceX тааллуқ доранд, аз интернети баландсуръат ва боэътимод истифода баранд”, – хабар медиҳад Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Қазоқистон.
Техноложии Starlink бахше аз ширкати SpaceX мебошад, ки аз ҷониби Илон Маск таъсис ёфтааст, ҳатто дар минтақаҳои дурдаст ва душвордаст дастарасии устуворро ба интернет таъмин мекунад.